Дар ноҳияи Ашт дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар ноҳияи Ашт ду дидбонгоҳи сарҳадӣ — “Пунук” ва “Меҳробод” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар маросими ба истифода додани ин дидбонгоҳҳо Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок доштанд.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” зикр кард, ки таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бе фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла, хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод.
Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Фармоишгари иншооти мазкур ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” буда, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ ба анҷом расонидаанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” ба истифода дода шуд. Дидбонгоҳи мазкур бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуд, бунёд гардида, корҳои сохтмонии онро ҶДММ “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт ба анҷом расонид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






