Дар ноҳияи Лахш барқарорсозии каналҳои Пиёзӣ ва Ғулама, ки зиёда аз 2700 гектар замини картошкаро обёрӣ менамоянд, босуръат ҷараён дорад
ЛАХШ, 4.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани майдони кишти картошка ва истеҳсоли он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин як зумра дастуру супоришҳо дода шуданд. Дар робита ба ин супоришҳо айни замон дар ноҳияи Лахш тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соли гузашта бинобар сабаби фаромадани селу тарма чанд канали ноҳия хароб гардида буд. Аз ҷумла, саргаҳи канали Пиёзӣ ва қубурҳои он корношоям гардиданд. Ҳолати табиии ба амал омада, дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Барои пурра барқарор сохтани канали Пиёзӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 тонна семент, 10 ҳазору 770 литр сўзишвории дизелӣ, 7 тонна арматур ва 400 кг швеллер ба ноҳияи Лахш ворид гардид. Айни замон корҳои барқарорсозию тоза намудани канали Пиёзӣ босуръат ҷараён дошта, зиёда аз 1000 нафар сокинону деҳқонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат ва Ҷиргатол дар ҳашарҳои умумӣ иштирок доранд.
Ҳукумати ноҳияи Лахш баҳри барқарорсозии канали мазкур аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, техникаҳои зарурӣ дастрас намудааст. Масофаи канали мазкур 16 км-ро ташкил намуда, он зиёда аз 1000 гектар заминро обёрӣ менамояд. Тибқи иттилои масъулини ноҳия, то мавсими кишти картошка харобиҳои канали мазкур пурра барқарор мешаванд.
Инчунин канали Ғулама, ки зиёда аз 1700 гектар замини корамро обёрӣ менамуд ва масофаи он 94 км мебошад, дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дид. Айни замон он бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қувваи сокинони ноҳия таъмир гардида истодааст.
Соли равон дар ноҳияи Лахш мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 3 ҳазор гектар заминҳои сохтори кишоварзӣ бояд картошка кишт намоянд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафи бузург масъулини ноҳияи Лахш тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






