Дастаи Мактаб-интернати давлатии кӯдакони имконияташон маҳдуди Хуҷанд дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ комёб гардид

Апрель 6, 2018 12:15

ХУҶАНД, 06.04.2018 /АМИТ«Ховар»/. Дастаи 10-нафараи хонандагони Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд дар мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ байни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз ҷониби масъулини котиботи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд,  ғолиб гардид. Дастаи мазкур аз рӯи се намуди варзиш:  тенниси рӯи миз, варзиши сабук ва футбол соҳиби 19 медал — 4 медали тилло, чор медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи маъорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳамзамон аъзои даста барои иштирок  дар бахши намоиши корҳои дастӣ, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ташкил гардида буд, ба гирифтани ҷои ифтихории дуюм ва Сипосномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Баъди анҷоми мусобиқот иштирокдорон аз мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дидан намуданд.

 

Апрель 6, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд