«ДУХТАР, КИ ГУЛДӮЗӢ КУНАД…». Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи ҳунари бадеии дӯхтани нақшу нигори пурмаънӣ дар рӯи матоъ

Апрель 10, 2018 13:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ҷиҳати эҳё ва  рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидеро муҳайё кард. Тоҷикистони азиз, ки аз олами ирфону ҳикмати тоҷикона сероб аст, макони ҳунару ҳунармандист. Ҳунармандони Тоҷикистон бо илҳом аз табиати ғанӣ ва рангорангии кишвари маҳбубамон дар тамоми анвои ҳунармандӣ чирадаст буда, бо офаридани ҳунарҳои дастӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунанд. Бахусус, барои эҳёи ҳунарҳое, ки аз байн рафтаанд, ин иқдоми бузург аз аҳамият холӣ нест.

Мехоҳам дар бораи як навъи ҳунармандие, ки даврони начандон дуре хеле маъмул буду имрӯзҳо бинобар сабаби ба миён омадани шаклҳои нави он пурра аз байн рафтааст, ёдовар шавам. Ман ҳунари гулдӯзиро дар назар дорам. Солҳои 70-80-уми асри гузашта ҳар духтари ҷавоне, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мегузошт, ҳатман дар ҷиҳоз ё сандуқи худ дар баробари сӯзаниву тагсарӣ, чойхалтаву пардаи нақшин, рӯймолча ва рӯймоли мардона, ҳатман якчанд сачоқи катакчадори гулдӯзишударо низ омода мекард, зеро он ҳам барои ороиши хонаи наварӯс ва ҳам барои истифодаи рӯзмарраи зиндагӣ муносиб буд. Дӯхтароне, ки арӯс мешуданд, бе ин гуна сӯзанию гулдӯзиҳо тӯи худро тасаввур намекарданд. Бинобар ин дар байни мардум чунин  ҳикмат маъмул буд: «Духтар, ки гулдӯзӣ кунад, тӯю тамошо мешавад».

Сачоқи катакчадор, ки аз матои сафеди пахтагин иборат буд, анвои гуногун дошт, вале нақшу нигор ва гулдӯзии он тақрибан як муҳтаво доштанд. Номи он наққошиҳо ба ҳамагон маълум буд, чун «Кармен», «Ду тӯтӣ», «Гулу булбул», «Гулдаста», «Базми гулҳо», «Кӯзаи гул», «Духтар бо товус», «Ду товус», «Аспсавор» ва ғайра. Муҳтавои аксари ин наққошиҳо характери омӯзанда доштанд.

Офаридани расми ҳайвонот низ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи духтарони гулдаст буд, ки бештар онҳоро бо бачаҳояшон тасвир мекарданд, чун «Оҳуву оҳубарра», «Паланги ҳиндӣ», «Модарпаланг бо бачаҳояш», «Хирсу бачаҳояш» ва ғайра. Баъзе аз ҳаводорони шеъру адаб аксҳои шоирони классик ва шоири ширинкалом Мирзо Турсунзодаро низ наққошӣ карда буданд. Ҳамчунин қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ низ дар рӯи сачоқҳои катакчадор наққошӣ мешуданд. Тарзи ҳамоҳанг сохтани рангҳо ва интихоби мавзӯъ асосан аз завқу салиқаи дӯзанда вобастагӣ дошт.

Намунаи дӯхти салибӣ

Маъмулан ҳангоми нусхабардорӣ аз қаламҳои ранга истифода мебурданд. Катакҳоро ҳисоб карда, нақши онро айнан дар сачоқи нав мекӯчониданд. Азбаски дар он замон имконияти васеи техникии паҳнкунии ин навъи ҳунармандӣ вуҷуд надошт, бинобар ин ҳам духтарон ба хонаҳои якдигар рафта, нақшҳои нав ба навро нусхабардорӣ мекарданд. Ҳатто аз як ноҳия ба ноҳияи дигар нусхаҳо мекӯчиданд. Ягона мушкилие, ки дар дӯхтани наққошиҳои сачоқҳои катакчадор ба амал меомад, ин набудани ресмони ранга буд, ки дастрас кардани он на ҳама вақт имкон дошт. Бинобар ин ҳам духтарон аз либосҳо, кулоҳҳои бачагонаи рангоранги бофташуда, ки рангашон устувор буд ва ҳангоми шустан намерафт, истифода мебурданд. Аз нахи абрешим ниҳоят кам сачоқ медӯхтанд, зеро дар аксари мавридҳо сачоқи сафед барои ресмони абрешимӣ мувофиқат намекард ва ранги он мерафт.

«Паланги ҳиндӣ»

Расм шуда буд, ки дар як гӯшаи сачоқ нақш медӯхтанду дар гӯшаи дигари он нусхаи уребшакл меофариданд.

«Ду тӯтӣ»

Тарзи дӯхтани сачоқи катакчадор аз дигар гулдӯзиҳо комилан фарқ мекард, дар ҳар як катак ба таври салибӣ нақш офарида мешуд. Чунин тарзи дӯхтан дар шерозаҳо ё ҷиякҳо низ ба кор меравад. Аслан дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя кӯкзаниҳои зиёд мавҷуд аст, аз қабили пешсӯзанӣ, пассӯзанӣ, нақши дирафшӣ ва ғайра, ки аксарияти онҳоро чакандӯзӣ меноманд. Гулдӯзии салибӣ ё кӯки салибӣ бошад, яке аз шаклҳои дӯхти қадимӣ буда, бештар дар кишварҳои Аврупо паҳн шудааст. Маъмулан дар он кишварҳо кӯки салибиро дар болишҳо, тоблуҳо, куртаҳои занонаю мардона ва ғайра истифода мебаранд.

Сол то сол ба сачоқҳои катакчадор навовариҳо ворид мегардид, аз қабили тӯрбофӣ ва дар нӯги он ворид кардани силсила ё пулакча. Баъдтар тӯрҳои тайёрро гирифта, бо пулакча ё силсила оро медодагӣ шуданд. Ҳар арӯсе, ки сачоқи зиёд медӯхт, анвои рангоранги сачоқхои наққошишуда аз ҳунармандии ӯ гувоҳӣ медод. Духтарон даста-даста ба хонаи арӯси ҳунарманд омада, аз сачоқҳояш нусха мегирифтанд.

«Кармен»

Албатта, рассомӣ, нусхабардорӣ, тахайюлоти навин, ҳамоҳанг сохтани рангҳо, дигар зебоиҳое, ки дар он сачоқҳо ворид мешуданд, ҳама аз ҳунармандии духтарони гулдасти он замон вобастагӣ дошт, вале аҳамияти дигаре, ки то ба имрӯз  ба он қоилам, ба паҳлуи дигари ин навъи ҳунармандӣ марбут буд. Дар ҳамон гӯшаи дигари сачоқ, ки ёдовар шудам нақш намедӯхтанду танҳо гулдӯзии уребшаклро бо ресмони нисбатан тира меофариданд,  ҳатман байт, рубоӣ ё сухани ибратомӯзе дӯхта мешуд, ки дар зеҳни хонанда барои ҳамеша нақш мебаст.

Ёд дорам, ки ҳангоми дӯхтани ҳар сачоқ апаам барои интихоби шоҳбайт ба падарам муроҷиат мекард. Падарам аз дафтарчае, ки дар он намунаи суханони ибратомӯзи бузургонро сабт карда буд,  абёти гуногунро ба апаам пешниҳод менамуд. Чун дар синфи якум мехондам, бароям хондани ҳусни хати падарам душвор буд. Аммо вақте ки он шоҳбайтҳо дар сачоқҳо бо ҳуруфоти калону возеҳ дӯхта мешуданд, дар зеҳнам барои якумрӣ нақш мебастанд.

Баъди дӯхтани ҳар сачоқе бо майли тамом сатрҳои наққошишударо бо садои баланд, вале канда -канда мехондам. Аксарияти онҳо шоҳбайтҳои машҳуранд, ки ҳама онро хуб медонанд:

Ҷони ширин тоҷи сар кун дӯстро,

Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.

***

Чу меҳмон оядат дилшод мебош,

Зи ҳар банду ғаме озод мебош.

***

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

***

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

***

Тифл, агарчи хокистар аст,

Сурмаи чашми падару модар аст.

Калима ё мисрае, ки бароям номафҳум буданд, аз дигарон мепурсидам.

Албатта, баъзе духтарон ба ҷои байт ё рубоӣ бо овардани ибора ё ҷумлае иктифо мекарданд:

«Ишқ – ин зиндагист!», «Гул рамзи ишқ аст!», «Муҳаббат абадист!». Вале бештар дӯст медоштам, ки дар сачоқҳо навиштаҷоти зиёдтар наққошӣ шавад, зеро дар ин шакл хондан барои хурдсолон хеле қулай буд.

Бо гузашти солҳо ҳамаи сачоқҳои катакчадори наққошӣ ва анъанаҳои сачоқдӯзӣ аз байн рафтанд, шояд дар хонаи баъзеҳо ҳанӯз ҳам чун хотироти гузашта ё нақши дасти модарону модаркалонҳо   боқӣ мондаанд, вале он шоҳбайтҳоеро, ки дар айёми хурдсолӣ аз он сачоқҳо хонда будам, дар зеҳнам то абад нақши худро гузоштаанд.

                                                            Фархундаи ХУШНАЗАР,

                                                                    АМИТ «Ховар»

                  

Апрель 10, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои баланд бардоштани маҳорати мутахассисони соҳаҳои сайёҳию хизматрасонӣ даври омӯзишӣ оғоз шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид