Фазои солими сармоягузорӣ — кафолати ҷалби сармояи хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 24.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Миёни ширкати франсавии «Thales» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад. Дар ин бора зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар, ки чанде қабл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ширкати франсавии «Thales» яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд. Дар он беш аз 70 ҳазор нафар мутахассисон фаъолият намуда, гардиши солонаи молиявии он зиёда аз 16 миллиард евроро ташкил мекунад
Махсус бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон истифода мегардад.
Новобаста аз он, ки корҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 ба анҷом расонида шаванд ҳам, ҳамкории шарикии корхонаи ватанӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Бешак далели омадани чунин намуд ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба бозори Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои ватанӣ ифодакунандаи боварӣ ва солимии фазои сармоягузорӣ кишвар буда, барои дар оянда ҷалб намудани сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.








«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид






