ФУТБОЛ: дар лигаи якуми Тоҷикистон 14 даста иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тавре гуфта мешавад, дар ин мавсим дар лигаи якум 14 даста — «Истаравшан»-и Истаравшан, «Локомотив — Помир»-и Душанбе, «Зарбдор»-и Исфара, «Саройкамар»-и Панҷ, «Равшан»-и Кӯлоб, «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун, «Зарафшон»-и Панҷакент, «Ҳулбук»-и Восеъ, «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, «Шоҳин»-и Муъминобод, «Сомон»-и Данғара, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Ваҳдат»-и Ваҳдат ширкат меварзанд.
Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи имсола дар даври аввал ҳафт бозӣ миёни дастаҳои футболи «Зарбдор» – «Эсхата», «Равшан» – «Шоҳин», «Истаравшан» – «Ваҳдат», «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83», «Саройкамар» – «Сомон», «Дӯстӣ» – «Парвоз» ва «Зарафшон» – «Ҳулбук» баргузор мегардад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 14-ум ва 15-уми апрел сурат мегиранд.
Мусобиқаи имсола аз ду давра хохад буд. Ҳар як даста 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи аввалро ишғол мекунад, соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2019 мегардад. Дастае, ки ҷойи дуюмро касб менамояд, бо дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ-2018 дар ҷойи пешазохирин қарор мегирад, барои ба даст овардани ҳаққи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 қувваозмоӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи соли гузаштаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Кӯктош» анҷом ёфта буд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ширкат доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






