ФУТБОЛ: дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони кунунии мамлакат дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври 5-уми Лигаи олӣ бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, голи ягонаи вохӯрии мазкурро футболбози соҳибтаҷрибаи «Истиқлол» Дилшод Восиев дар дақиқаи 77-ум пас аз партофти Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол» бо 12 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали Лигаи олӣ ҷой гирифт.
Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 10 хол мақоми дуюмро касб кард. Дар бозии дигари даври 5-ум дастаи футболи «Регар – ТадАЗ»-и Турсунзода дастаи футболи «Панҷшер»- и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






