Хонандаи Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» Далер Пиров дар олимпиадаи Москва аз беҳтарин нанотехнологҳо дониста шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз як гурӯҳ мактаббачагони тоҷик, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир (нанотехнология) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, ба ватан баргаштанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» хабар доданд, дар ҳайати гурӯҳи мазкур хонандагони синфи 9 Далер Пиров ва Темур Саломатшоев, ҳамчунин хонандаи синфи 10 Фараҳманд Ҳасанов аз гимназияи мазкур шомил буданд.
Ба иттилои манбаъ, олимпиада аз 25 то 31 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардид. Дар он 9 ҳазору 453 нафар хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва донишмандони ҷавон аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун ширкат намуданд.
Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз рӯи фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд. Дар ин гурӯҳ Далер Пиров дар миёни ҳамсолони худ яке аз нафарони фаъол ва аз беҳтарин нанотехнологҳо шинохта шуда, ғолиби озмун гардида, бо дипломи дараҷаи якум ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ҳамчунин Темур ва Фараҳманд барои иштироки фаъолона бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур яке аз олимпиадаҳои сатҳи мураккаб ба шумор меравад ва ғолибони он метавонанд бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи дилхоҳ донишгоҳ шуда, гирандаи гранти Президенти Федератсияи Россия гарданд.









Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






