Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 баргузор мегардад

Апрель 6, 2018 08:57

ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрели соли равон, соати 10:00 дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо мақсади  таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ гардидаст. Зеро он  яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, беҳтарин роҳи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар мамлакат ба ҳисоб мераванд. Инчунин  ин бозиҳо барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиши тоҷик ва тарбияву ба камол расонидани варзишгарон мусоидат намуда, онҳоро дар бозиҳои Осиё, олимпӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 аз рўи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, бонувон), волейбол (мардон, бонувон), варзиши сабук, бокс ва вазнбардорӣ баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 дар ҷумҳурӣ то 2 майи соли равон идома меёбанд.

Апрель 6, 2018 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд