«Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ», — конфронси байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ (забони арабӣ)» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода, Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ, намояндаи фарҳангии сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Саъд ал-Асмарӣ, устоди донишгоҳи Шоҳ Сауди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Маҳмуд Маҳмуд, дотсенти кафедраи забонҳои Шарқи Наздики Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон Розия Матибаева, инчунин мутахассисон ва устодони варзидаи арабшинос ва намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуд, ки асри 21 — асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва пешрафти ҳайратангези илмиву техникӣ ба шумор рафта, дараҷаи омӯзиш ва сифати таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамбастагии ногусастанӣ бо омӯзишу донистани забонҳои хориҷӣ ва фаъолияти пурсамари устодону шогирдон вобаста аст.
Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ зимни суханронии худ иброз намуд, ки ташкили чунин чорабиниву конфронсҳо барои омӯзонидани забони арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати бениҳоят бузург мебошад. «Воқеан он ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳое, ки омӯзгорони Донишкада барои азхудкунии усулҳои нави таълими забони арабӣ ва донишҷӯён барои азхудкунии технологияҳои навтарин анҷом медиҳанд, омили хуби азхудкунии забони арабӣ ба шумор мераванд, — гуфт Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ ва афзуд, ки мақсад аз баргузории ин конфронс танҳо ҷамъ овардани устодон набуда, балки пайваста мавриди омӯзиш қарор додани технологияҳои нав ва маълумот аз тариқи алоқаҳои муосир низ мебошад».
Дар рафти конфронс ҳамчунин зикр гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабии байни кишварҳо мусоидат намуда, барои ташаккули фарҳанги илмию техникии мутахассисони забоншинос, тарҷумонҳои оянда, рақобатпазир гардонидани донишу малакаҳои касбӣ ва тафаккури шахсияти онҳо шароитҳои созгор фароҳам хоҳад овард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






