Кевин Коверт, кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон: «Миллати тоҷик яке аз халқиятҳои куҳан ва дорои чунин як сарзамини сабзу хуррам аст»
ДУШАНБЕ, 28.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбири нав роҳандозӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 26-27 апрели соли равон Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва дигар шахсони расмӣ ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, аз мавзеъҳои таърихии он дидан намуданд.
Ҳангоми боздид аз мақбараи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ воқеъ дар деҳаи Панҷруд сокинони деҳ меҳмононро бо нону намак пешвоз гирифта, аз ашъори ин шоири ширинкалом шеърҳо қироат намуданд. Кордори сафорат Кевин Коверт низ дар навбати худ порчаҳо аз ашъори Рӯдакиро қироат намуд. Онҳо дар ин мавзеъ аз осорхона ва китобхонаи Абӯабдулло Рӯдакӣ дидан карданд.
Баъди боздид аз муҷассамаи шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, тамошои бозёфтҳои археологӣ дар мавзеи Саразм, тамошои силсилакӯлҳои “Ҳафт кӯл” – Кӯли марғзор, Кӯли миҷгон, Кӯли соя, Кӯли ҳушёр, Кӯли нофин, Кӯли хурдак ва Кӯли ҳазорчашма, Панҷакенти куҳна ва маркази ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент, Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт таассуроти хешро бо як хушҳолӣ иброз дошт. Ӯ зикр намуд, ки миллати тоҷик яке аз халқиятҳои куҳан буда, дорои чунин як сарзамини сабзу хурраму чашмаву рудҳои оби мусаффост.
Зимнан ҷаноби Кевин, ки аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик хуб огаҳ аст, ҳангоми шиносоӣ бо маҳсулоти ширкати шароббарории “Парандис” якчанд рубоии Умари Хайёмро бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ қироат намуд.
Мақсад аз сафари мазкур шиносоии намояндагони расмии ИМА дар Тоҷикистон бо фарҳангу тамаддуни куҳани миллати тоҷик, боздид аз маконҳои таърихию бостонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент мебошад.
Қобили зикр аст, ки шаҳри Панҷакент дорои табиати афсункор ва мавзеъҳои таърихии зиёд буда, яке аз беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Барои сайёҳати куҳӣ инҷо шароиту имконоти зарурӣ мавҷуд буда, марказҳои куҳнавардӣ фаъолият мекунанд. Мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — Саразм, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад.
















РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






