Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018») соҳиби медали тилло гардид!

Апрель 9, 2018 09:31

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018»), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми 8 апрел анҷом ёфт, зимни  рақобат дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар гӯштини дзюдо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард.

Баъди ин ғалабаи паҳлавони тоҷик Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад. Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад, зеро ӯ дар  «Анталия Гран-При 2017” низ  соҳиби мақоми аввал шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо зиёда аз 300 варзишгар  аз 50 кишвар миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтум касб кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.

Апрель 9, 2018 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд