Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баъди ду моҳ соҳиби бинои нав мегарданд

Апрель 12, 2018 15:24

ХОРУҒ 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкурсии бинои сеошёна барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз моҳи сентябри соли гузашта гузошта шуд ва мутобиқи нақша, бинокорон  бояд  онро давоми як сол ба истифода медоданд. Азбаски ҳавои зимистони имсола барои корҳои сохтмонӣ мусоид буд ва дар маблағгузорӣ низ ҳеҷ мушкиле пеш наомад, коргарон тасмим гирифтанд, ки бинои навбунёдро то фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Сардори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Болдинг компания» Абдулҳомид Ҳоҷатов, ки бунёди бинои мазкурро бар уҳда дорад, изҳор дошт, ки «барои бунёди ин бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷудо кард. То имрӯз ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд. Дар сохтмони мазкур 44 нафар аз ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд ва музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд. Сифати кори бинокорон аз ҳар ҷиҳат ба масолеҳи сохтмонӣ вобастагӣ дорад».

 

Апрель 12, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд