«Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон», — таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон» — таҳти чунин унвон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон 24 апрел Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳаёти иҷтимоии кишварамон падидаи муҳиму мубрам арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ, риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва директори иҷроияи Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон И. Абдуллоев суханронӣ намуданд.
Дар кори конференсия Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар «Шарҳи муфассали натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ доир ба баҳогузорӣ ва динамикаи маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ / ҳуқуқи беморон»-ро муаррифӣ намуд.
Инчунин дар конференсия сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев дар мавзӯи «Назари рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои беморон», коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Арманистон Виолета Запунян дар мавзӯи «Таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон дар бобати ҳимояи беморон», муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии занон», прокурори калони шуъбаи қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфӣ Иброҳимова дар мавзӯи «Моҳияти ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура», коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Гурҷистон Нино Кикнадзе дар мавзӯи «Таҷрибаи Гурҷистон дар бобати ҳимояи ҳуқуқҳои беморон» ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маърӯзаҳо намуданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






