Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин дар Пекин

Апрель 24, 2018 16:36

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар мулоқот зикр гардид, ки кишварҳои мо дар асоси эътимод ва эҳтироми тарафайн, наздикии мавқеъ ва назари ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ анъанаҳои мустаҳками ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Имрӯзҳо Тоҷикистону Чин бо такя ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии ҳамоҳангсозонаи СММ, нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ назари ҳамсон ва ё мавқеи бо ҳам наздик доранд. Равобити кишварҳои мо дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) низ таҳкиму тавсеа меёбанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба иштироки роҳбарони ду кишвар дар ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Тсиндао, ҳамчунин ба баргузории ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ моҳи окятбри соли равон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ҷонибхо зикр карданд, ки айни замон робитаҳои ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегии Тоҷикистону Чин дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мунтазам рушд меёбанд.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати рущду вусъат бахшидани робитаҳо дар самти сиёсиву амниятӣ, нақлиёт, логистика ва коммуникатсия, кишоварзӣ, иқтисод ва тиҷорат, молия, технология, инноватсия ва дар соҳаи илму фарҳанг изҳор доштанд.

Апрель 24, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд