Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе доир гардид. Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт роҳандозӣ шуда, дар он беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуданд.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт, дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 47нафар варзишгарон аз 18 давлати дунё иштирок ва дар давидан ба масофаи 21 километр маҳорати худро нишон доданд.
«Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилию касбӣ доир шуд. Дар қатори намояндагони мамолики дигар варзишгарони тоҷик низ рақобат намуда, кӯшиш намуданд ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Аксарияти варзишгароне, ки дар ниммарафон иштирок намуданд, иштирокдорони Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буданд»,- гуфт Раҷабалӣ Турсунзода.
Ба иттилои номбурда, дар ҷамъбасти натиҷаҳои ниммарафон дар байни мардон Тефера Гома аз Эфиопия сазовори ҷои аввал ва Майма Ретер аз Кения соҳиби ҷои дуюм гардиданд. Фенте Гирма аз Эфиопия, Адилет Куштанбеков, Тапкин Илия аз Қирғизистон ва Андрей Петров аз Ӯзбекистон низ маҳорати хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, ба варзишгароне, ки имсол дар ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро соҳиб мегарданд, мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад: барои ҷои 1-ум – 31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур шомил карда шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд













Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






