ҶОМИ КФО-2018: дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон «Алай»-и Қирғизистонро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи бозиҳои даври 4-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Алай»-и Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омад.
Дидори мазкур дар варзишгоҳи ба номи «Аҳматбек Суюмбоев»-и шаҳри Ош сурат гирифта, бо ҳисоби 2:3 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев ва дар ҳайати дастаи «Алай» Улуғбек Рисқулов ва Алия Сила ба сомон расонданд.
Ёдовар мешавем, ки баъди ин пирӯзӣ дастаи «Истиқлол» соҳиби 3 имтиёзи гашта, мавқеи худро дар садри ҷадвал устувор намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






