«Пойтахт-таҷассумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзишгарон». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ – назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Пойтахт – таҷассумгари музаффариятҳои ҷавонон ва варзигарон» баргузор гардид.
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс зикр гардид, ки бо талошу заҳматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои ободу афсонавӣ табдил ёфта, рӯз то рӯз симои худро зебо менамояд. Сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ, толору маҷмааҳои солимгардонӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, инфрасохтори муҳим барои ҳаёти зебои ҷавонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гардидаанд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






