Раиси КДАМ-и Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд рафт

Апрель 17, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати раиси Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов 16 апрел бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд рафт.

Дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи нуқтаи гузаргоҳӣ-назоратии «Фотеҳобод» С. Ятимов ва ҳайати ҳамроҳонашро раиси ХАД ҶӮ И. Абдуллоев пешвоз гирифт.

Ҳайати Тоҷикистонро хуш истиқбол намуданд.

Зимни музокирот роҳбарони хадамоти махсуси ду давлати бародар оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин мушкилоти амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Тадбирҳои муштарак барои мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла пешгирии фаъолиятҳои ҷинояткоронаи созмонҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгаро муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи чораҳои дар ин самт мувофиқашуда ба созиш расиданд.

Апрель 17, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд