Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли равон иҷозат дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорони чорабинӣ Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мебошад. Ҳаракати қатораи иштирокдорон соати 10 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шурӯъ гардида, тавассути кӯчаҳои Карамов – Рӯдакӣ – Бухоро — Турсунзода — Шоҳтемур то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва кӯчаи Дӯстии халқҳо то «Боғи «Ғалаба» то соати 12 ба роҳ монда мешавад.
Дар ин росто, сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла, Раёсатҳои корҳои дохилӣ, амният ва тандурустии пойтахт муваззаф гардидаанд, ки зимни баргузории ин чорабинӣ тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба роҳ монанд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






