«САЛОМАТӢ БАРОИ ҲАМА». Имрӯз дар муассисаҳои тиббии Суғд хизматрасонии ройгон ба роҳ монда шуд

Апрель 7, 2018 11:15

ХУҶАНД, 07.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 7 апрел дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки соли равон таҳти унвони «Саломатӣ барои ҳама» доир мегардад, рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои гузаронидани чорабинии мазкур тамоми кормандони тиб омода гардида, утоқҳои махсуси қабули сайёр низ тайёр карда шудаанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, беморхонаи вилоятӣ, беморхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва марказҳои саломатӣ ба муроҷиаткунандагон ва беморон ташхис ва машваратҳои ройгон расонида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории чунин иқдом нигаҳдории солимии ҷомеа ва пешгирии бемориҳо ба ҳисоб рафта, он ҳамчунин барои тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим, хосатан  дар байни наврасону ҷавонон аҳамияти хосса дорад.

Бояд  гуфт, ки шурӯъ аз  соли  1950 ҳамасола дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Апрель 7, 2018 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ