ТАШХИСИ РОЙГОН ДАР ПАЖЎҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бахшида мешавад

Апрель 6, 2018 10:11

ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ 7 апрели соли равон  аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» баргузор мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар доираи ин барнома, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо доир  мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)   дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел    Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана  ҳамасола   дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мешавад.

 

 

Апрель 6, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад