Тоҷикистон маротибаи ҳафтум дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон маротибаи ҳафтум риштаи пахтагини худро дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 14-ум то 17-уми апрели соли равон дар пойтахти тиҷоратии Туркия доир мегардад, пешниҳоди муштариён мегардонад.
Тавре аз намояндагии Маркази байналмилали тиҷорат /МБТ/ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, панҷ корхонаи ресандагӣ – «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Спитамен Текстайлз» ва «ХИМА Текстил» Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ муаррифӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати МБТ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МБТ сурат мегирад. Намояндагони ширкатҳои консалтингии «Business Consulting Group» ва «ACT Development Group» ҳайати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд.
Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар намоишгоҳи мазкур, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.
Ба гуфтаи Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати «Business Consulting Group», намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷии минтақа мулоқот намоянд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд ва бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор намоянд.
Тавре Мирзоқодир Бақоев, мудири ширкати «Спитамен Текстайлз» ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт: “иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






