ТОҶИКИСТОН-САРГАҲИ ТОЗАТАРИН ОБҲОИ ОШОМИДАНӢ. Ва ё 15 соли ташаббускориҳои Пешвои миллат дар масоили вобаста ба об

Апрель 4, 2018 08:51

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Боиси сарфарозӣ ва хушнудии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар  иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз ёфт.

Пешвои миллат дар суханрониашон иброз намуданд, ки «ин рӯйдод аҳамияти чорабиниҳои моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал дучанд мегардонад».

Гуфтан ба маврид аст, ки аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу зиндагии рӯзмарраи инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаҳои худро иброз намудаанд.

Маҳз об аст, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, аз воситаи ғизо то инкишофи иқтисодию саодати ӯ, аз покизагиву сиҳатӣ то ғизои маънавӣ ва оғозу равнақи фарҳангии вай маънӣ мебахшад ва ба рушди он мусоидат менамояд. Аммо мушкилот он аст, ки дар замони ҳозира дар ҷаҳон хавфи кам шудани оби ошомиданӣ ва нокифоя будани он барои инсоният, ифлосу заҳролудшавии захираҳои обӣ хеле босуръат идома дорад.

Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун, имрӯзҳо дар кураи замин тақрибан 1,1 млрд аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанду 2,6 млрд нафар обҳои аз лиҳози экологӣ тоза набударо истеъмол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки ин мушкилот хусусияти умумибашарӣ доранд ва бояд аз ҷониби омма бо иштироки васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал гарданд.

Кӯли Сарез

Дар баробари оне, ки Тоҷикистон ташаббускори масоили об дар ҷаҳон эълон гардид, он бо захираҳои обӣ ва таъмин будан бо обҳои тозатарини ошомиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Илова бар ин 60 фоизи обҳои Осиёи миёна аз Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ба захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфҳо ва сарчашмаҳои дигари рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла, обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, ки баландии мутлақи кӯҳҳои он аз 300 то ба 7495 метр мерасад, 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо ба силсилакӯҳҳои  баландтарини Осиёи Миёна ва ҷаҳон тааллуқ доранд. Дар кӯҳистони Тоҷикистон 1085 адад пиряхҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 1450 км2 паҳноӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯлҳо бой аст. Сатҳи оби онҳо 1005 км мураббаъро ишғол менамояд, ки тақрибан ба 1 фоизи ҳудуди ҷумҳурӣ баробар аст. Масоҳати 22 кӯли  қаламрави кишвар 625 км мебошад.

Ҳамзамон дар изҳороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон баён гардид, ки оби кӯли Сарез аз лиҳози тозагӣ ва экологӣ дар ҷойи аввал буда, он на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои дигар кишварҳои минтақа низ аҳамияти хосса дорад.

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли мо давраи марҳилаи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона доир ба дастрасии оби тоза ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мебошад.

Нуфузи бештар касб намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар мамолики олам бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим дорад. Зеро даъват ва пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба сиёсати байналхалқӣ, гармшавии иқлим ва ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи об мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорону коршиносон қарор дорад. Яке аз омилҳои асосии маъруфият ва шуҳрати Эмомалӣ Раҳмон донишу хиради фитрӣ, ақлу фаросати закӣ ва ҷаҳонбинии пурвусъаташон аст ва бешубҳа, ин ҳама зимни пешниҳоди ташаббусҳояшон марбут ба ҳалли масоили глобалӣ нақши муҳим доранд.

Ҳамин тавр, бо такя бар даъватҳо, пешниҳодҳо ва маҷмӯи барномарезиҳое, ки дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ҷараён гирифтаанд, метавон ба ин натиҷа расид, ки иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба об қабул гардидани қатъномаҳои СММ оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028 мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳадафҳои асосии 15- солаи Пешвои миллат зимни ҳалли масъалаҳои марбут ба об аз он иборатанд, ки дар доираи муносибатҳои ҳамгироӣ ба ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва муҳити зист, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ гардем. Ин эътирофи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки сари масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки об боз ҳам пурмасъулият бошем.

Шукрулло ХАЙРЗОДА,

ректори Донишгоҳи давлатии  молия

ва иқтисоди Тоҷикистон

Апрель 4, 2018 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд
Имрӯз дар Душанбе борон пешгӯӣ мешавад
Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борону барф меборад
Дар шаҳри Гулистон даври омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид
Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Кореяи Ҷанубӣ 179 нафар ба ҳалокат расид
Президенти 39-уми ИМА Ҷимми Картер даргузашт
Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешбинӣ шудааст