21 май-Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд. Намояндагони миллату халқиятҳои дигар Тоҷикистонро Ватани хеш мехонанд
ДУШАНБЕ, 21.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори СММ шурӯъ аз соли 2003 ҳамасола 21 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд» (World Day for Cultural Diversity for Dialogue and Development) таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз дарки муҳимияти гуногунии фарҳангҳо, ҳамзистӣ дар ҷомеаи гуногунфарҳанг ва ҳамкории миллатҳо, меъёри зиндагӣ қарор додани арзишҳое ба мисли демократия ва таҳаммулпазирӣ мебошад. Бахусус, дар замони муосир, ки башарият аз хатари терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ранҷ мебарад, таҷлили ин рӯз ва дарки моҳияти он басо муҳим аст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони миллату халқиятҳои гуногун дар муҳити дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиву баробарӣ зиндагӣ доранд. Онҳо метавонанд озодона урфу одатҳои худро риоя намуда, бо забони модарии худ муошират кунанд ва хусусиятҳои хоси этникии худро пос доранд. Барои ин тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити зист муҳайё шудааст.
Тибқи маълумоти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳоло дар Тоҷикистон 23 ҷамъияти дӯстӣ ва шумори зиёди марказҳои фарҳангии миллату халқиятҳои дигар фаъолият доранд. Саҳми ин марказҳо барои боз ҳам қавитар шудани равобити миллатҳову халқиятҳо муҳим аст. Марказҳои мазкур шароит фароҳам меоранд, то намояндагони миллатҳои гуногуне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бо ҳаммиллатону ҳамзабонони худ робитаи доимӣ дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6 гӯшаи фарҳангии кишварҳои хориҷӣ амал мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо ба муаррифии фарҳанг, урфу одат, анъана ва забони давлати худ машғуланд.
Имрӯз дар шабакаҳои телевизионҳои давлатии кишвар бо 5 забон барномаҳо таҳия ва пахш мегарданд. Дар шабакаҳои радио бошад, бо 7 забон барномаҳо шунавонида мешаванд.
Бино ба маълумоти масъулини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, то 1 –уми январи соли 2017 дар мамлакат бо забонҳои русӣ – 27 адад ва ӯзбекӣ — 6 адад рӯзномаҳо, ҳамчунин 144 адад рӯзномаҳои ду ва сезабона (бо забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ) нашр шудаанд. 10 маҷалла бо забони русӣ, 4 адад бо забони ӯзбекӣ ва 107 адади дигар бо забонҳои дигар (русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, арабӣ) ба табъ мерасанд.
Бояд тазаккур дод, ки аксари рӯзномаву маҷаллаҳои зикргардида бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва зерсохторҳои тобеи он ба чоп мерасанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат нисбат ба таъмини зиндагии шоистаи тамоми миллатҳо ва халқиятҳои маскуни Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Алҳол дар Тоҷикистон 128 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ – русӣ, 426 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ – ӯзбекӣ, 26 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ – қирғизӣ, 5 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ – туркманӣ ва 1 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ – англисӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин 26 мактаб бо забони русӣ, 77 мактаб бо забони ӯзбекӣ, 31 мактаб бо забони қирғизӣ, 1 мактаб бо забони туркманӣ ва 1 мактаб бо забони англисӣ мавҷуд мебошанд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 22 мактаби чандзабона (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, қирғизӣ, туркманӣ) фаъолият доранд, ки дар он намояндагони миллатҳои дигар метавонанд бо забони модариашон таҳсили илм намоянд. Бояд зикр кард, ки дар донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакт низ омӯзиш бо забони намояндагони дигар миллатҳо ба назар мерасад.
Ин миллату халқиятҳо дар фаъолияти меҳнатӣ низ ягон мушкилӣ надоранд. Онҳо дар пешрафти Тоҷикистон, ки онро Ватани хеш мехонанд, бо меҳнати содиқона саҳми босазо мегузоранд.
Солҳост, ки дар ин сарзамин тоҷикон бо ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо, туркманҳо ва намояндагони дигар миллатҳо бародарвор, паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо ҳамсояву дӯст, балки хешу табори қарин гаштаанд. Ба хонаи ҳамдигар рафтуомад карда, ба қавли мардум шодию ғамро бо ҳам мебинанд.
Халқияту миллатҳо дар Тоҷикистон иду ҷашнҳои миллиашонро озодона, бо баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангӣ таҷлил намуда, дар либоспӯшӣ ва риояи дигар урфу одатҳои худ озод ҳастанд.
Намояндагони ҳамаи миллату ҳалқиятҳои Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар вохӯриҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, андешаҳояшонро озодона баён мекунанд.
Чунин фазо заминаи аслии рушди демократия, таъмини сулҳу субот буда, нуфузи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ чун як давлати дорои ҷомеаи таҳаммулпазир ва маданӣ боло мебардорад.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»