ИМРӮЗ СОКИНИ 9-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУНЁ ОМАД! Пешвои миллат падару модари кӯдаки навзод ва тамоми аҳолии мамлакатро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, муқаррар карда шуд. Субҳи 26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии