ҶАҲИШИ БУЗУРГИ ҶАВОНОН БА СӮИ ПЕШРАФТ. Ёдкарди дастовардҳои онҳо дар Соли ҷавонон

Май 23, 2018 12:12

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз соли 1997 то инҷониб   ҳамасола 23  май  дар  ҷумҳурӣ   ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин мавзӯъ    хабарнигори АМИТ бо намояндагони касбу кори гуногун   ҳамсуҳбат гардид.

Варзишгари муваффақи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 Мавзуна Чориева: 

-Ман ҳамчун як ҷавонони хушбахти даврони сохибистиқлолии мамлакат бо имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш фароҳам овардаанд, тавонистам чандин маротиба дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлати азизамро баланд бардорам. Имрӯз барои мо ҷавонон на танҳо дар ҷодаи варзиш, балки дар тамоми самтҳо шароит муҳайё гардидааст, то ки аз он имкониятҳо истифода  бурда, номбардори Ватани маҳбубамон гардем. Аз ҳамаи ҷавонони мамлакат даъват ба амал меорам, ки биёед, дасти ҳам гирифта, бо донишу касбу ҳунар мусаллаҳ гардида,  Ватанамон — Тоҷикистони азизро ба пешрафтатарин давлати дунё табдил диҳем.

Директори китобхонаи шаҳрии ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ  Абдуқодири Абдуқаҳҳор:

—  Бояд таъкид намуд, ки дар ягон кишвари дунё  чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорие, ки нисбат ба  ҷавонон   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад,  ба мушоҳида намерасад.  Имрӯз барои касбу илмомӯзии онҳо дари беҳтарин  донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон кушода аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Барои онҳо беҳтарин гулгаштҳои фароғатӣ сохта мешавад. Соли 2017  Соли ҷавонон эълон гардидану дар ин сол дар пойтахт бунёд гардидани «Боғи Ҷавонон» далели дигари хуштолеии ҷавони мамлакати мо мебошад.   Ҷавонони тоҷик барои  рушд кардан аз тамоми шароитҳо бархӯрдоранд.

Боиси хушҳолист, ки  солҳои охир ҷавонони мо ба  дастоварҳои  беназир ноил мешаванд ва обрӯйи  давлату миллати моро дар ҷаҳон боло мебаранд. Ҷавонони мамлакатро бо ин рӯз табрик мегӯям ва итминон дорам, ки онҳо бо фазлу  хирад ва  нангу номуси азалӣ   барои  боз ҳам пешрафти Тоҷикистон  саҳми  беназир мегузоранд.

 Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммад Абдураҳмон:

— Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро  насли ҷавон, яъне ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар ҷомеа  бараъло эҳсос мешавад. Ҳукумати мамлакат  ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, соли 2017 аз тарафи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки дар ин сол ҷавонони Тоҷикистон боз ҳам бо қадамҳои устувортар дар тамоми соҳаҳои ҳаётан  муҳими кишвар гузоштанд. Яъне ин  солро метавон ҷаҳиши бузурги ҷавонон ба сӯи пешрафт номид. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо  аз ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумат   боз фаъолтар гаштанд ва  меҳрашон ба Ватану майлашон ба ватансозӣ  зиёдтар гардидаст.

Бояд гуфт, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолият, зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад. Баъди 6 моҳи  ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  13 марти соли 1992 «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  тасдиқ гардид.  Дар заминаи қонуни мазкур  чандин барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон қабул шуданд.

Бешубҳа татбиқи ҳамин барномаҳои давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аст, ки имрӯз ҷавонони мо на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам  ба муваффақиятҳои зиёд ноил мегарданд. Рӯзи ҷавони Тоҷикистон барои ҳамватанон муборак бошад!.

    Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Май 23, 2018 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд