ҶАҲОНИ МАЪНАВИИ ХУДРО ПОКУ БЕОЛОИШ НИГАҲ ДОРЕМ! Мулоҳизаҳо атрофи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Май 29, 2018 12:14

ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, 12 майи соли равон баргузор гардид, муҳимтарин масъалаҳои дохиливу хориҷӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.  “Суханони Пешвои миллат воқеан ҳам  қобили дастгирию  ҷонибдорӣ мебошанд”, — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Мавҷуда АНВАРӢ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир РАҲМОНЗОДА.

— Мусаллам аст, ки мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи динро озодона адо мекунанду арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд.

Махсусан дар моҳи шарифи Рамазон ба иҷро расонидани арзишҳои муҳими инсонӣ, ки аз таҳким бахшидан ва тозаву беолоиш нигоҳ доштани  ҷаҳони маънавӣ,  такмили одобу ахлоқ маншаъ мегиранд, далели возеҳи арҷ гузоштан ба талаботи асосии воҷиботи фаризаву аҳкоми шариати дини мубини Ислом мебошад.

Дар самти амалисозии чунин муқарарот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бунёди теъдоди бештари масҷидҳои замонавӣ кайҳо боз шароити арзандаву мусоид муҳайё намудааст, ки ин ба ягон далелу шарҳи иловагӣ зарурат надорад. Танҳо инро холисона ва бо чашми бинову дили бекина бояд дид ва қоил шуд.

Ё бо дарки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон, аз амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаро, ҳалокати бештари кӯдакону занон ва оқибатҳои нохуши муноқишаву ҷангҳои мазҳабӣ ёдовар шудани Пешвои миллат ҳамаи мо ва ҳар кадоми моро бояд ба андеша ва идрок водор намояд. Ҷаноби Олӣ чунин мисол оварданд: : “…аксари мутлақи қурбониёни   дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмонон мебошанд. Пас саволе ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта, чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст, ва на Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд…”.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин зикр гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Болотар аз ҳама, Пешвои муаззами миллат бо таваҷҷуҳ ба масоили мубрами рӯз илова намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд  пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон   то соли 2021 корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшида, давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ карда шаванд.

Инчунин бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ бояд анҷом дода шаванд.

Давра ба давра расидан ба марҳилаҳои сифатан нави ҷомеа, татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун давлати пешоҳангу ташаббускор ва тадриҷан беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум   аз кӯшишу талош ва заҳматҳои ҳамешагии Пешвоямон дарак медиҳад.

Миллати тоҷик аз қадим бо фарзандони некрой ва пешвоёни соҳибфазлаш ифтихор мекард ва ба кору пайкорашон арҷу эҳтиром мегузошт. Дар замони муосир низ миллати тоҷик ба хотири дар атрофи андешаву ғояҳои созандаи як нафар муттаҳид шудан ба доштани Пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон ниёзи бештаре пайдо кардааст.

Май 29, 2018 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард