Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Остона 2018 иштирок намуд

Май 26, 2018 10:38

ДУШАНБЕ, 26.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии Остона 2018, ки  16-19 майи соли равон баргузор гардид, иштирок намуд. Ҷаласаи пленарии сатҳи баланди форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  доир шуд, ки дар кори он чеҳраҳои шинохтаи сиёсату иқтисод ва муҳандисони технологии ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи форуми мазкур ҷаласаҳои сатҳи баланд дар мавзӯъҳои «Сиёсати макроиқтисодӣ барои устувории иқтисодӣ ва молиявӣ: таҷрибаи чораҳои ҷавобии сиёсатҳои фискалӣ ва пулию қарзӣ ба хавфҳои беруна» ва конфронси вазирон оид ба масъалаҳои рушди минтақавии савдо ва нақлиёт баргузор гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласаҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои иқтисодии кишвар баромад намуда, вобаста ба самтҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ташкили низоми самараноки пулию қарзӣ, роҳҳои таҳкими рушди савдо, нақлиёт, хизматрасониҳои логистикӣ ва беҳтар намудани дастгириҳои молиявии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди давлатҳои рушдёбанда таклифу пешниҳодҳо манзур намуд.

 

Май 26, 2018 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд