Ғалабаи навбатӣ «Истиқлол»-ро соҳиби 20 имтиёз кард

Май 22, 2018 11:38

ДУШАНБЕ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  даври 9-уми Лигаи олии мамлакат  бозии байни  дастаҳои  футболи «Истиқлол» -и Душанбе ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  доир шуд.

Вохӯрии дастаҳо  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0  ба фоидаи  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  анҷом ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ягона голи ин  бозиро  ҳамлавари белорусии дастаи  «Истиқлол» Николай Зенко дар дақиқаи 12-уми  рақобат  ба дарвозаи ҳарифон  зада, пирӯзии дастаашро таъмин кард. Баъди ин ғалаба  дастаи футболи  «Истиқлол»  соҳиби  20 имтиёз  гардида, дар зинаи 2-юми ҷадвал қарор  дорад. Ҳоло дар зинаи аввал бо 20 хол  дастаи футболи  «Хуҷанд» ҷой гирифтааст. Ногуфта намонад, ки  дастаи  футболи «Истиқлол» як бозии мавқуфгузошта дар ихтиёр дорад.

Май 22, 2018 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд