Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018» муайян шуд

Май 8, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018»-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо (рафту омад), иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот дохил мешавад.

Ба иттилои манбаъ, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби зам-зам аснои бозгашт ба Ватан ва таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон низ ба маблағи мазкур дохил мешаванд.

Май 8, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид