ҶАСОРАТИ ДУ КОРМАНДИ МИЛИТСЯ. Онҳо духтарчаи ноболиғеро, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз кормандони шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат духтарчаи тахминан 12-14-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро, ки бо мақсади худкушӣ худро аз пули болои дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба дарё партофт, наҷот доданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, корманди шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, прапоршики калони милитсия Ғолибшо Саидов ва сержанти калони милитсия Маҳмадӣ Мӯсоев ин ҳодисаро дида, ба хотири наҷот додани ноболиғ худро ба дарёи пуртуғён андохтанд ва ӯро аз об берун оварданд.
Пас аз наҷот духтарчаи ноболиғро, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, кормандони милитсия таъҷилан ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бурданд. Дар айни ҳол ба саломатии ноболиғ хатаре таҳдид намекунад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби роҳбарияти ШХД «Муҳофиза»-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат барои анҷом додани чунин амали пурҷасорат прапоршики калони милитсия Ғолибшо Саидов ва сержанти калони милитсия Маҳмадӣ Мӯсоев қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






