«ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба ин рӯз таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!» баргузор мегарданд.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин чорабинии маърифатӣ ва ахлоқии «Дарҳои кушод» барои ҷавонон дар вазорату идораҳо, аксияҳои ҷумҳуриявии «Пиёдагардӣ ба нафъи саломатӣ», «Биёед китоб мехонем!», «Саломатии миллат — боигарии давлат» дар боғҳо ва маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, Конференсияи илмию амалӣ ва назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон: дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ», фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!», рӯзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо ва аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва ҷавонони камбизоат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори мо ҷавонон» баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






