БА ТАВАҶҶУҲИ МУҲОҶИРОН – ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН! Ташхису табобати бемории норасоии ВНМО (ВИЧ) дар қаламрави ҷумҳурӣ ройгон аст
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огаҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масунияти одам (ВНМО; ВИЧ) кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст. Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд ва ба ҳалокат мерасанд. Омили асосии он беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ мебошад.
Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он аксар маврид тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз шири модари сироятёфта мегузарад.
Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст. Марказҳои саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд.
Бемории ВНМО аз ҳамаи бемориҳо, ҳатто аз саратон ҳам бештар хатарноктар аст, вале ташхису табобати ин беморӣ имкон дорад ва он дар саросари Тоҷикистон ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Саломатии худ ва фарзандонатонро ҳифз намоед ва иттилои мазкурро ба дӯстону наздикон расонед.










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






