БОЗ ДАР БОРАИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии иқлим таҷлил мегардад

Май 15, 2018 10:54

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 15 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи  умумиҷаҳонии  иқлим таҷлил карда мешавад. Таҷлил намудани ин ҷашни ғайрирасмӣ бо дархости обуҳавосанҷон, ки ҳимояи иқлимро яке аз захираҳои асосӣ барои наслҳои оянда арзёбӣ намудаанд, ба миён омадааст. Аввалин маротиба ин масъала соли 1992 дар шаҳри Рио-Де-Женейрои Бразилия дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид ва намояндагони зиёда аз 180 давлати дунё, аз ҷумла  Ҷумҳурнии Тоҷикистон Конвенсияи қолабии СММ оид ба  тағйирёбии иқлимро ба имзо расониданд.

Солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башар сол аз сол ба он афзун мегардад. Ин раванд боиси обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва бештар аз ҳама норасоии оби тозаи ошомиданӣ гардида истодааст. Аз ин хотир диққати ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Яке аз омилҳое, ки боиси тағйирёбии иқлим мегардад, кӯҳҳо мебошанд. Зеро онҳо аз ҳама бештар ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд. Азбаски Тоҷикистон  мамлакати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад, дар ин ҷо низ аз раванди тағйирёбии иқлим канор истодан ғайриимкон мебошад. Аз ин хотир масъалаи тағийёрбии иқлим дар баробари ҷомеаи башар аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дур нест, зеро чанд сол пеш дар Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор пиряхҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд доштанд, вале имрӯз беш аз 1000-тои онҳо нест шудаанд, ки ин хеле нигароникунанда мебошад.

Аз ин ҳолати изтиробовар, ки дар Тоҷикистон ба амал омада истодааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша дар суханрониҳои худ ба таври қатъӣ ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати пешгирии ин ҳолат ба ҳамкорӣ даъват мекунанд.

Дар ин хусус метавон аз мақолаи «Об барои рушди устувор» – и Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷаллаи «Нигориши СММ» ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Аз ҷумла, дар мақолаи мазкур омадааст: «Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Ғайр аз ин, 27 сентябри соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст. Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳамияти хоса хоҳад дошт».

Месазад дар ин ҷо дар бораи Пиряхи Федченко каме назар афканем: Яке аз пиряхҳои азими Тоҷикистон, ки бо номи Пиряхи Федченко дар олам машҳур аст, дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷойгир мебошад. Дарози ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км², ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км² мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумии он ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Ин пиряхи бузургтарини минтақавӣ — пиряхи Федченко тайи даҳсолаи охир  дар ҳаҷми наздик ба 2 км мураббаъ об шуда, боиси нигаронии роҳбарияти олии мамлакат гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар Тоҷикистон барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст. Инчунин оид ба татбиқи барномаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва  амалӣ шуда истодааст.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот, 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд, 947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 адад ҳисобида шудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонид, ки он заминаи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Май 15, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид
Дар Кӯлоб оид ба ташаккули иқтисоди «сабз» чун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудааст