Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудааст
ТЕМУРМАЛИК, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 16 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд.
Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик аз се ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи таълимӣ ва хобгоҳ мебошад. Масоҳати замини он 6 гектарро ташкил дода, дар он барои 240 нафар ҷойи нишаст ва барои 150 тарбиятгиранда хобгоҳ сохта шудааст.
Тавре директори муассиса Муҳаммадҷон Умаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муассиса аз соли 1933 то имрӯз фаъолият менамояд. Солҳои пешин дар як бинои кӯҳна амал мекард. Хушбахтона, имрӯз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаб-интернат соҳиби бинои сеошёнаи наву замонавӣ бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.
«Дар ин таълимгоҳ тарбиятгирандагон аз ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Муъминобод, Вахш, шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ба таълим фаро гирифта шудаанд», — гуфт директори муассиса Муҳаммадҷон Умаров.
Гуфта шуд, ки дар баробари маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик Мактаб – интернатро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» сарпарастӣ ва дастгирӣ менамоянд.
Инчунин дар ҳама фасли сол ва иду ҷашнҳо аз аҳволи тарбиятгирандагон бохабар шуда, онҳоро бо хӯрокворӣ ва либос таъмин месозанд. Соҳибкорони маҳаллӣ ҳар ҳафта аз аҳволашон хабардор шуда, ба мактаб – интернат маводи ғизоӣ меоранд.
Мактаб – интернат дорои 35 компютер буда, дар он кабинетҳои фаннӣ аз химия, забони русӣ ва физика амал менамоянд.
Тарбиятгирандагони муассиса бо се вақт хӯроки гарм ва либосҳои зимистонаву тобистона таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






