Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи оҳангарон доир карда шуд

Май 14, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли равон дар Боғи Ирам Рӯзи оҳангарон доир карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар намоишгоҳ оҳангарон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҳсули сохтаи худро аз қабили каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, болға, дос, гулмех, наъл, корд, шамшер, оташгирак ва ғайраҳоро ба маъраз гузоштанд.

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, сокинони пойтахт  ва меҳмонону сайёҳон ба намоишгоҳи мазкур ташриф оварда, таассуротҳои худро аз тамошои маҳсули дасти оҳангарон рангину хотирмон арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки оҳангарӣ яке аз касбҳои маъмули мардуми тоҷик буда, мардуми мо ин касбро аз давраи Кова ба ёд дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ мебошад. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар шаҳру деҳа мавҷуд буданд. Тибқи маълумот, оҳангарӣ аз чилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигар фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо.

Оҳангарӣ имрӯз низ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмул аст. Суҳроб Ҳотамов аз зумраи ҷавононест, ки  ин касбро аз падар омӯхта, дар деҳаи Шилмаки ноҳияи Рашт дӯкони оҳангарӣ дорад ва эҳтиёҷоти мардумро қонеъ карда истодааст. Ӯ асосан дос, каланд, табару теша ва наъл месозад, ки талаботи мардум асосан ба ҳамин маҳсулот зиёд аст.

“Вақтҳои охир касби оҳангарӣ хеле кам гардида, дари чандин дӯкони оҳангарӣ баста шуда буд. Хушбахтона, бо эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин касби бобоӣ дубора эҳё шуд”, — гуфт Суҳроб Ҳотамов.

Бояд тазаккур дод, ки доир кардани чунин намоишгоҳҳо ба оҳангарон имконият фароҳам меорад, то касбияти баланди хешро ба дигарон  нишон дода, маҳсули заҳматашонро ба фурӯш бароранд. Муваффақияти ҳар як оҳангар дар алоҳидагӣ боиси дар маҷмӯъ рушд кардани ҳунари оҳангарӣ ва муаррифӣ шудани он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсири амиқ мегузорад.

Рӯзи оҳангарон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, қаблан Рӯзи заргарон баргузор шуда буд ва минбаъд баргузории Рӯзи чармгарон, Рӯзи чӯбтарошон, Рӯзи косибон, Рӯзи чакандӯзон ва Рӯзи атласбофон низ дар назар дошта шудааст.

 

Май 14, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад