Дар шаҳри Норак чорабинии «Дастовардҳои Истиқлолият» доир шуд
НОРАК, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи ба номи Дӯстии халқҳои шаҳри Норак чорабинии идона таҳти унвони «Дастовардҳои Истиқлолият» бо иштироки омӯзгорону хонандагон, китобдорон, дӯстдорони китоб баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби наврасон намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзию сӯзанӣ, попурӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, расмҳои манзараҳои табиати нотакрори диёр ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамчунин намоиши асарҳои тозанашр аз ҷониби китобдорон низ сурат гирифт.
Дар чорабинӣ хонандагону китобдорон бо қироати суруду шеърҳо дар васфи дониш, китоб, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Ватан, ваҳдату Истиқлолият хотири ҳозиронро шод намуданд. Пешниҳод гардидани саҳначаҳои тарбиявӣ дар бораи гиромидошти китоб бисёр хотирмон буд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






