Дар шаҳри Роғун Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» баргузор гардид
РОҒУН, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба, ҳунармандӣ ва пазандагӣ миёни донишҷӯёни коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр даври ҷамбастии Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ғолибони озмун бо диплом ва ифтихорномаҳои раиси шаҳр кадрдонӣ гардиданд.
Муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза Файззода зикр намуд, ки Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» бо мақсади ҷалби занону духтарон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи санъат ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






