Дар Суди Олии иқтисодӣ вобаста ба аҳамияти Конфронси байналмилалии Душанбе «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мизи мудаввар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиши суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи байналмилалӣ «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди масъули Суди Олии иқтисодӣ Б. Ғоибов иттиллоъ дод, Раиси Суди Олии иқтисодӣ М. Қаландарзода зимни маърӯзаи худ зикр кард, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як инсон ва шаҳрванд мебошад. Таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорони мизи мудаввар паҳлӯҳои гуногуни маърӯзаи Пешвои миллатро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2016-2020 қабул кардааст. Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризм мавқеи қатъӣ ва устувор дошта, ҳамкории ҳадафмандонаро дар ин самт дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин Судяи Суди Олии иқтисодӣ П. Мирзозода дар мавзӯи «Терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони имрӯза» ва судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе З. Саидзода дар мавзӯи «Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ» маърӯза карданд.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзҳои 3-4 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 коршиносону мутахассисон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид ва вобаста ба натиҷаҳои он Эъломияи Душанбе қабул шуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






