Дар Тоҷикистон 20 май Дави миллӣ баргузор мегардад

Май 11, 2018 14:34

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он дар шаҳри Душанбе соати 08:00 оғоз мегардад.

Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад ва иштирокдорон тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он, рӯзи 19 май соати 9:00 дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки соли гузашта маросими Дави миллӣ бо иштироки зиёда аз 51 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногуни шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар интиҳо ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ   иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 инҷониб Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ  баргузор мегардад.

 

Май 11, 2018 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ