Дар Вазорати тандурустӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» баррасӣ гардид

Май 3, 2018 14:14

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Доир ба татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкурро  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода раисӣ намуда, дар кори он кормандон ва сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ,  намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар ва мутахассисони созмонҳои байналмиллаливу шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, М. Камолзода зимни суханронии худ  аз  дасгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба табақаҳои эҳтиёҷманди кишвар, бахусус тоифаи маъюбон изҳори қаноатмандӣ ва хушҳоли намуда, иброз намуд, ки «имрӯз вобаста ба дастгирии эҳтиёҷмандону маъюбони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои амалии зиёде роҳанзодӣ гардидаанд».

Ҳамчунин дар кори ҷаласа вобаста ба рафти татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва тасдиқи нақшаи якҷояи амалигардонии ин барнома маърӯзаҳо шунида шуда, роҷеъ ба ин ва дигар мавзӯоти марбут ба соҳа мубоҳиса сурат гирифт.

 

 

Май 3, 2018 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ