Донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии Волгоград соҳиби унвони «Турист России» гардид

Май 18, 2018 11:24

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давлатхон Мавлоназаров, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии Волгогради Федератсияи Россия аз ҷониби Федератсияи сайёҳии варзишии Россия соҳиби унвони «Турист России» гардид. Ҳамзамон, ин донишҷӯӣ тоҷик дар бисёре аз чорабиниҳои сайёҳӣ, ки дар донишгоҳ ва берун аз он баргузор гардидаанд, иштироки фаъол намуда, бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро баҳри инкишоф ва пешрафти Ватани хеш — Тоҷикистон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар амалӣ гардидани нақшаву иқдомҳои созанда саҳми босазо мегузоранд.

Давлатхон Мавлоназаров яке аз чунин мутахассисони оянда аст, ки маҳз бо дастигириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 тариқи квотаи «Дурахшандагон» ба Донишгоҳи давлатии Волгогради Федератсияи Россия ба факултети «Илмҳои табиатшиносӣ» дар ихтисоси «География ва туризм» дохил шуда, донишҷӯи фаъоли ин даргоҳи илму дониш ба ҳисоб меравад.

Ин донишҷӯ хушнуд аз он аст, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Иқдоми мазкурро сармашқи кори худ намуда, чорабиниҳои зиёд, аз қабили Наврӯзи байналмилалиро дар якҷоягӣ бо дигар миллатҳои дӯсту ҳамҷавор сазовор пешвоз гирифта, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кўлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, урфу анъанаҳои миллии тоҷиконаро ба намояндагони дигар халқҳо муаррифӣ менамояд.

Зимни суҳбат ӯ бо як ҷаҳон орзӯву умедҳо иброз дошт, ки таҳсилро бо баҳои баланд хатм намуда, баъди бозгашт баҳри пешрафту ободии Тоҷикистон ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат софдилона тамоми донишу малакаи худро истифода менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкорӣ дошта, давраи таҷрибаомӯзии хешро аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ мегузаронанд. Роҳбарияти Кумита пайваста дар ҷустуҷӯи ҷавонони лаёқатманду соҳибилм буда, баҳри таъмини онҳо бо ҷойи кор тамоми чораҳоро амалӣ менамоянд.

Май 18, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад