ФУТБОЛ: ғалабаи «Барқчӣ» бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар
ДУШАНБЕ, 22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар даври 9-уми Лигаи олии мамлакат дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро дар майдони худ қабул кард. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи футболи «Барқчӣ» анҷом ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ягона голи ин вохӯриро ҳамлавари дастаи футболи «Барқчӣ» Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расонида, аввалин пирӯзии дастаашро дар мавсим таъмин намуд. То ин замон шогирдони Мубин Эргашев дар 7 бозии пай дар пай ба бохт дучор мешуданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари даври 9-уми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Хуҷанд» дар хонааш дастаи «Кӯктош»-ро бо бартарии 2:0 шикаст дод. Голҳои ин дидорро Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расониданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






