ФУТБОЛ: Чемпионати ҷаҳон-2018 бо бозии дастаҳои мунтахабии Россия ва Арабистони Саудӣ дар Москва шуруъ мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон — 2018 24 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Баъди қуръакашии бозиҳои ниҳоии Чемпионати мазкур, ки 1 декабри соли гузашта доир гардида буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ҷобаҷогузории дастаҳо дар гурӯҳҳо зиёд гардиданд. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки барои дастаи мунтахаби Россия, ки мизбони Чемпионати ҷаҳон-2018 мебошад, қуръакашӣ барор овард ва гурӯҳи осонтареро барои онҳо насиб гардонид. Оё дар асл чунин аст? Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Барои дарёфти посух ба ин суол ба дастҳое, ки дар гурӯҳи «А» ҷойгиранд, таваҷҷуҳ кардем. Аз омӯзиши гурӯҳҳои мазкур ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат эҳтимоли ба муваффақият ноил гардидани мунтахаби Россия зиёдтар аст. Ин даста дар баробари дастаҳои мунтахаби Миср ва Арабистони Саудӣ метавонад ба ғалаба ноил шуда, соҳиби 6 имтиёз гардад. Шореҳони рус баъди анҷоми қуръакашии бозиҳо ҳадс мезананд, ки маҳз дар муқобили ин дастаҳо футболбозони мамлакаташон метавонанд бозии хуб нишон дода, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гиранд. То кадом андоза ин пешгӯиҳо дурустанд, мо аз натиҷаи бозии аввали ифтитоҳӣ, ки бо ширкати дастаҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ 14-уми июн дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Москва барпо мегардад, ҷавоб хоҳем гирифт.
Лозим ба ёдоварист, ки дастаи мунтахаби Россия ҳанӯз 24 сол пеш, 6-уми октябри соли 1993 бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ як вохӯрии дӯстона баргузор карда, бо ҳисоби 4:2 мағлуб гардида буд. Бояд таъкид намуд, ки ҳоло тағйироти куллӣ дар ҳайати дастаҳо ба чашм мерасад. Аммо вохӯрии таҷрибавии охирине, ки футболбозони рус дар муқобили дастаи дигари осиёӣ-мунтахаби Эрон доштанд (1:1), аз он шаҳодат медиҳад, ки осиёгиҳо, яъне дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ба осонӣ ба русҳо имтиёзе нахоҳад дод. Чуноне ки сармураббии дастаи мунтахаби Россия Станислав Черчесов бо футболбозони интихобкардааш дар муқобили эрониён, ки тарҳи бозиашон ба Арабистони Саудӣ монанд аст, муқобилияти сахт карда натавонистанд.
Дастаи мунтахаби Россия бо дастаи дувуми гурӯҳ -дастаи мунтахаби Миср ҳанӯз ягон бозӣ анҷом надодааст, аммо русҳо аз бозингари ин даста Муҳаммад Салоҳ, ки дар тими «Ливерпул» -и Англия бозӣ мекунад, дар таҳаллука ҳастанд. Бояд зикр кард, ки ба ғайр аз Салоҳ дар ин даста Муҳаммад Анненӣ аз «Арсенал», Аҳмад Ҳикозӣ аз «Вест Бромич», Аҳмад Алмуҳаммадӣ аз «Астон Вилла», Рамзон Субҳӣ аз «Сток Ситӣ» ва чанд бозингари дигар, ки дар клубҳои Авро-Осиёӣ бозӣ мекунанд.
Дастаи мунтахаби Миср чемпиони 7 карати Африқо буда, ба ғайр аз роҳхати Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардан соли гузашта инчунин барандаи медалҳои нуқраи Ҷоми Африқо гардидаанд.
Хушҳолии мардуми Уругвай аз он ки дастаи мунтахаби давлати онҳо якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Россия, Арабистони Саудӣ ва Миср шомили гурӯҳи «А» гардидааст, ҳадду канор надорад. Онҳо мисли рӯзноманигорони ин кишвар бо қаноатмандӣ мегӯянд, ки бори аввал ба уругвайҳо чунин сабукӣ насиб шудааст. Дастаи мунтахаби Уругвай бо Россия соли 2012 як бозии дӯстона дар варзишгоҳи «Локомотив» анҷом дод, ки он бо ҳисоби 1:1 ҷамъбаст гардида буд. Голҳои Суарес ва Киржаков натиҷабахши ин вохӯрӣ гардиданд. Аслан дастаҳои Уругвай бо Россия якҷоя бо ҳам 8 бозӣ гузаронида, дар ин бозиҳо 6 маротиба Россия ва як маротиба Уругвай ба пирӯзӣ ноил шуданд. Натиҷаи тӯбҳо 15-5 ба фоидаи футболбозони рус аст.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Россия ва Уругвай беҳтарин дониста мешаванд. Россия аз рӯи радабандии моҳи майи ФИФА дар зинаи 66-ум, Уругвай 17-ум, Арабистони Саудӣ 67-ум ва Миср дар ҷои 46-ум ҷой доранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Россия:
Дарвозабонҳо: Игор Акинфеев (ССКА), Владимир Габулов («Брюгге», Белгия), Сослан Ҷанаев («Рубин»), Андрей Лунев («Зенит»);
Муҳофизатгарон: Владимир Гранат («Рубин»), Руслан Камболов («Рубин»), Федор Кудряшов («Рубин»), Иля Кутепов («Спартак»), Роман Нойштедтер («Фенербахче», Туркия),Константин Рауш («Динамо»), Андрей Семенов («Ахмат»), Игорь Смольников («Зенит»), Мариу Фернандес (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Юрий Газинский («Краснодар»), Александр Головин (ССКА), Алан Дзагоев (ССКА), Александр Ерохин («Зенит»), Юрий Жирков («Зенит»), Роман Зобнин («Спартак»), Далер Кузяев («Зенит»), Антон Миранчук («Локомотив»), Александр Самедов («Спартак»), Александр Ташаев («Динамо»), Денис Черишев («Вилярреал», Испания);
Ҳамлагарон: Артем Дзюба («Арсенал» Тула), Алексей Миранчук («Локомотив»), Федор Смолов («Краснодар»), Федор Чалов (ССКА).
Ҳайати дастаи мунтахаби Уругвай:
Дарвозабонҳо: Фернандо Муслера («Галатасарай», Туркия), Мартин Силва («Васко да Гама», Бразилия), Мартин Кампаня («Индепенденте» Авелянеда, Аргентина);
Муҳофизатгарон: Макси Перейра («Порту», Португалия), Диего Годин, Хосе Мария Хименес (ҳар ду аз «Атлетико», Испания), Мартин Касерес («Лацио», Италия), Себастян Коатес («Спортинг», Португалия), Гастон Силва («Индепенденте» Авелянеда, Аргентина), Гилермо Варела («Пенярол»);
Нимҳимоятгарон: Кристиан Родригес («Пенярол»), Николас Лодейро («Сиэтл Саундерс», Америка), Гастон Рамирес, Лукас Торрейра (ҳар ду аз «Сампдория», Италия), Карлос Санчес, Хонатан Урретавискайя (ҳар ду аз «Монтеррей», Мексика), Матиас Весино («Интер», Италия), Ҷорҷиан де Арраскаэта («Крузейро», Бразилия), Наитан Нандес («Бока Хуниорс», Аргентина), Родриго Бентанкур («Ювентус», Италия), Диего Лаксалт («Ҷеноа», Италия), Федерико Валверде («Депортиво», Испания);
Ҳамлагарон: Луис Суарес («Барселона», Испания), Эдинсон Кавани («Пари Сен-Жермен», Франсия), Кристиан Стуани («Жирона», Испания), Макси Гомес («Селта», Испания).
Ҳайати дастаи мунтахабм Миср:
Дарвозабонҳо: Эссам Алхадурӣ («Аттаъовун», Арабистони Саудӣ), Аҳмад Ашшаравӣ, Шариф Акрамӣ (ҳар ду аз «Алаҳлӣ»), Муҳаммад Аввад («Исмоилӣ»);
Муҳофизатгарон: Аҳмад Фатҳӣ («Алаҳлӣ»), Ашмад Алмуҳаммадӣ («Астон Вилла», Англия), Муҳаммад Абдулшафӣ («Алфотиҳ», Арабистони Саудӣ), Аҳмадд Хегозӣ, Алӣ Ғабр (ҳар ду аз «Вест Бромвич», Англия), Умар Ҷобир («Лос-Анджелес Гэлакси», Америка), Саъд Самир, Айман Ашраф (ҳар ду аз «Алаҳлӣ»), Карим Ҳофиз («Ланс», Франсия), Амро Тариқ («Орландо Сити», Амрико), Маҳмуд Ҳамдӣ («Замалик»);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммад Энненӣ («Арсенал», Англия), Абдулло Саид («КуПС», Финландия), Маҳмуд Файзулло «Шикабала» («Арраэд», Арабистони Саудӣ), Маҳмуд Ҳассан («Қосимпошшо», Туркия), Рамазон Субҳӣ («Сток Сити», Англия), Тариқ Ҳамид, Махмуд Абделазиз (ҳар ду аз «Замалик»), Маҳмуд Абдулмунайм («Алиттиҳод», Арабистони Саудӣ), Амр Варда («Атромитос», Юнон), Сэм Мурси («Уиган», Англия);
Ҳамлагарон:: Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул», Англия), Мирвлн Муҳсин («Алаҳлӣ»), Аҳмад Ҳассан Мағуб («Брага», Португалия), Аҳмад Ҷумъа («Алмасрӣ»).
Ҳайати дастаи мунтахабм Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Ассаф Алқарнӣ(“Алиттиҳод”), Муҳаммад Алувайс (“Алаҳлӣ”-и Ҷидда) , Яссир Алмусайлем(Алаҳлӣ”), Абдуллоҳ Алмаъюф (“Алҳилол”);
Муҳофизатгарон: Мансур Алҳарбӣ, Саид Алмуваллад, Муътаз Ҳавсавӣ (ҳама аз “Алаҳлӣ” Ҷидда), Яссир Ашшаҳронӣ, Муҳаммад Албурайк, Усама Ҳавсавӣ, Муҳаммад Ҷаъфалӣ, Али Албулайҳӣ(ҳама аз “Алҳилол” Умар Хавсавӣ (“Аннаср”) ;
Нимҳимоятгарон: Абдулло Алхайбарӣ (“Ашшабоб”), Абдулмалеик Алхайбарӣ(“Алиттифоқ”), Абдулло Утайф, Навоф Алобид, Салмон Алфараҷ (ҳама аз “Алҳилол”), Тайсир Алҷосим (“Алаҳлӣ”), Ҳуссейн Алмуқавҳӣ, , Муҳаммад Канно, Ҳаттон Баҳебрӣ (ҳама аз “Ашшабоб”), Муҳаммад Алкувайкибӣ, Салим Аддавсарӣ (“Виляреал, Испания”), Яҳё Ашшерӣ (“Леганес”, Испания);
Ҳамлагарон: Фаҳад Алмуваллад(“Леванте”, Испания) , Муҳаммад Ассаҳлавӣ (“Аннаср”), Муҳаннад Ассирӣ (“Алаҳлӣ”).
Тақвими бозиҳои гурӯҳи “А”:
14 июн. 20.00. Москва. «Лужники». РОССИЯ – Арабистони Саудӣ
15 июн. 17.00. Екатеринбург. Миср – Уругвай
19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. РОССИЯ – Миср
20 июн. 18.00. Ростови лаби Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ
25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – РОССИЯ
25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср