Имрӯз – Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа

Май 7, 2018 15:48

ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 7  май дар ҷаҳон  Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил карда мешавад. Зеро соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин  рӯз бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 инҷониб ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Баъд аз 35 соли ихтирои радио дар Тоҷикистон бори нахуст 10 апрели соли 1930  радио ба фаъолият шурӯъ кард. Он замон радио дар амвоҷи миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш менамуд. Соли 1930 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дастгоҳи радиоӣ мавҷуд буд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дар фазои иттилоотии  Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Зеро дар баробари дигар васоити ахбори омма радио низ рушд карда, дар ҷумҳурӣ шумораи радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид. Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Ба гуфтаи директори Радиои «FM Ховар» Саидҷаъфар Ашӯрзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад.

«Радио дар таъмини  фазои иттилоотии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, мақсади аслии он ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Бояд  иброз дошт, ки мавқеи радиоро на телевизион ва на интернет танг карда наметавонад, зеро радио ҳамқадами замон буда, мақому мартабаи худро аз даст намедиҳад»,- изҳори андеша намуд Саидҷаъфар Ашӯрзода.

Ба иловаи номбурда, радиои «FM-Ховар» 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бори нахуст дар шаҳри Душанбе  рӯи мавҷи 101,5 FM пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM- Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи Радиои «FM- Ховар» дар он мебошад, ки бори  нахуст дар Тоҷикистон  тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www.кhovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандагон қарор гирифт.

Радиои мазкур хусусияти итилоотӣ дошта, аз соати 7:00 то 24:00 ҳар ним соат хабар пешниҳод мекунад. Инчунин  Радиои «FM Ховар» бо пешниҳоди барномаҳои таҳлилии «Дармон» (соҳаи тандурустӣ) «Соярӯшан» (мавзӯоти амнияту тартибот), «Садои ҷовидонии ҳунар» (гиромидошти хотираи устодони санъат ва ҳунармандони зиндаёд), «Меҳмони Ховар» (мавзӯъҳои гуногуни илму фарҳанг ва адабу ҳунар бо иштироки адибон, ҳунармандони театру санъат, олимону муҳаққиқон) ва «Ҷаҳони варзиш» (рӯйдодҳои муҳими варзишӣ, суҳбат бо устодони варзиш ва варзишгарон) бо шакл ва услуби хос дар дили  шунавандагон мавқеи худро пайдо кардааст. “Инчунин гуфторҳо аз китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» зери унвони «Дурдонаҳо аз гуфтори Пешвои миллат» пахш карда мешаванд”, — зикр кард С. Ашӯрзода.

Холисаи АСОМИДДИН,

АМИТ “Ховар”

Май 7, 2018 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд