«Корвони саломатӣ» ба сокинони шаҳри Бохтар хизмати тиббии ройгон расонд
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии онҳо аз гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафарбар гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба чорабинии мазкур беш аз 100 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, аз ҷумла намояндагони Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ва дигар шахсони масъул ҷалб гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабинӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳри Бохтар аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархӯрдор гардиданд. Аз ҷумла, 169 нафар аз ташхиси ВНМО, 543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузаштанд. Инчунин 110 кӯдак хатна ва 10 нафари дигар ҷарроҳии чашм карда шуданд.
Ҳамзамон ба шахсони маъюб аробачаи маъюбӣ ва асобағал (асо барои нобиноён) тақдим гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






