«МО БО ШУМОЕМ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин шиор ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба ноҳияи Данғара сафар карданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон меҳмонии ҷавонони Тоҷикистонро ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон роҳандозӣ намуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба маъракаи мазкур ҷавонони фаъол аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ҷавонони касбу кори гуногун, аъзо Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» ва волонтёрони фаъоли Кумита сафарбар гардидаанд. Ҷавонон таҳти шиорҳои «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!» ва «Мо Шуморо дӯст медорем» ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара баргузории силсилачорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат», аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва чорабинии «Шоми ҷавонӣ» дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






