МОҲИ ТАҚВО*. Директори Маркази исломшиносӣ роҷеъ ба баъзе вижагиҳои рӯзадории тоҷикон

Май 29, 2018 16:18

ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти динию эътиқодӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқоти самимию озод ва раҳнамою созанда баргузор намуданд. Пешвои миллат доир ба Рамазон ва воҷиботи он, аз қабили парҳезгорӣ ва накӯкорӣ, худдорӣ  аз аъмоли зишт, аёдати падару модар, беморону ранҷурон, дар бораи ҳикматҳои ин моҳи шариф амсоли ғолибияти ақл бар нафс, шукронаи неъмат, заҳмат кашидан дар роҳи офаридани неъматҳои моддӣ, доир ба садақаи фитр ва тарзи амалӣ кардани он андешаҳои муҳим ва қобили мулоҳиза баён доштанд.

 Дар зер мулоҳизаҳои директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА-ро дар партави суханронии Сарвари давлат дар мулоқоти фавқуззикр пешниҳод менамоем.

Воқеан, аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Иди Фитр ва Иди Қурбон ҳамчун ҷашнҳои динӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд, дар ифодаи шаклан миллӣ ва мазмунан мусулмонӣ имконпазир гардид. Маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда дар соҳаи дин барои адои фаризаҳои динӣ ва риояи озодии виҷдон шароити мусоид фароҳам сохт ва барои хусусияти бештари миллӣ касб намудани ин ҷашнҳо сахт мусоидат кард. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин анҷом додани одоби рӯзадорӣ ва тамоми ҷузъиёти вобаста ба моҳи шарифи Рамазонро осон гардонид. Бояд эътироф кард, ки эҳёи дубораи фазилатҳо ва ҳикматҳои ин моҳи табаррук ба фарҳанги муосири миллии мо такомул бахшидааст.

Суннати пойдори фарҳанги миллӣ ва муқаррароти мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамон дар ин моҳи муборак ёрии беғаразона расонидан ба ятимону барҷомондагон ва табақаи ниёзманди ҷомеаро як амри маъмулӣ муайян кардааст. Зери таъсири ҳамин ташаббусҳои ҳасана  аксари соҳибкорону тавонмандони кишвар иқдомҳои худоҷӯёна пеша карда, дар мавсими рӯзадорӣ ҳар сол баракати дасти хайру ёрмандӣ ва раҳмату саховати худро афзун мекунанд.

Дар иртибот ба тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ҳангоми рӯзадорӣ анъанаи тайёр намудани шириниҳо, хӯришҳо, таомҳо ва нӯшобаҳои махсуси рамазонӣ, либосу лавозимот ва баъзе меъёрҳои муносибати иҷтимоии мансуб ба ин моҳ дар шароити кунунӣ эҳёи писандида пайдо кардаанд.

Сазовори гуфтан аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳсори кишвари азизамон дар мавсими рӯзадорӣ омода намудани хӯроку хӯришҳо аз алафу рустаниҳои кӯҳӣ дар гузашта бисёр маъмул будааст. Бузургсолон дастур медоданд, ки барои дастурхони ифторӣ бо истифода аз рустаниҳо таомҳои сабуки парҳезӣ омода намоянд, то фоидаи рӯзадорӣ барои обутоб додани ҷисму ҷони сокинон дучанд гардад. Дар байни мардуми манотиқи кӯҳсори Хатлону Бадахшон ва Ҳисору Зарафшон ҷиҳати тарғиби ҷаззобияти бештари сайёҳӣ аз мавзеъҳои диданӣ дар шакли хушкшуда захира кардани алафу рустаниҳои баҳорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ба ҳукми анъана даромада буд, ки онро бо истилоҳи умумии «завуда» (ё «забуда»; дар «Равзат-ус-сафо», осори Ҷалолиддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон истилоҳи «гандано» ба кор бурда шудааст, –АМИТ «Ховар») ном мебурданд. Дар фаслҳои дигар ҳам истеъмол кардани завуда дар таом маззаи хуш ва то андозае таъйиноти парҳезӣ доштани алафу гиёҳҳоро барқарор мекард.

Тарғиби намудҳои гуногуни меваҳои хушк дар мавсими рӯзадорӣ як кори муқаррарӣ буд. Навъҳои мавиз ва ғӯлунгҳое вуҷуд доштанд, ки онҳоро танҳо барои рӯзакушоӣ истифода мебурданд. Ҳамчунин анъанаи пухтани намудҳои гуногуни ҳалво ва нишалло низ дар моҳи Рамазон бисёр равнақ пайдо мекардааст. Ҳалвои беҳтаринро бо ширинии тут ва ангур, нишаллои беҳтаринро бо ҳамроҳ кардани зардбехи ширинбия тайёр мекарданд, ки он асосан дар кӯҳталҳои Айвоҷ, Қубодиён ва Шаҳритус мерӯид. Дар гузаштаи на он қадар дур бехи ин гиёҳ, ки барои кафк задан дар деги нишалло ҷузъи таркибии муҳим барои ҳосил кардани маззаи дилхоҳ дониста мешуд, аз тариқи шаҳри Тирмиз ба бозорҳои Бухорову Самарқанд, Хоразму Фарғона, Хӯқанду Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Чочу Чорҷӯ, Марву Ҳирот, Ҳисору Хатлон ва Раштону Бадахшон паҳн мегардид.

Либосҳои занонаву мардонаи рамазонӣ танҳо аз матоъҳои пахтагин дӯхта мешуданд, ки онро либоси намозӣ ном мебурданд. Дар Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ бонувони ҳунарманди мо дар рангу тоби (дизайни) нав пешниҳод кардани либосу ҷойнамозҳои миллӣ, рӯймолҳои миёнбанд ва тоқиҳои занонаву мардонаро, ки дар он нақшҳои исломӣ васеъ истифода мешаванд, моҳирона ба роҳ мондаанд. Ин иқдомро ҳамчун риояи суннат ва ҳам арҷгузорӣ ба анъанаҳои фарҳанги миллат пазируфтан мумкин аст.

Дар таҷрибаи мардумсолории мо мавсими рӯзадорӣ дар баробари вижагиҳои бовару эътиқодоти қавӣ буданаш боз омили муҳими таҳрикдиҳандаи фаъолиятҳои бозаргонӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ҳам будааст. Ошпазу кадбонуҳо ва соҳибкасбони гуногун дар мавсими рӯзадорӣ, аз як тараф, тамоми ҳунару маҳорати худро тақдими таматтӯъ бардоштани мардум мекарданд ва, аз тарафи дигар, нозукиҳои онро ба шогирдон меомӯзониданд, то ки пайванди наслҳо гусаста нагардад.

Фазои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳамчунон фурсатеро муҳайё сохтааст, ки тамоми суннатҳои дар тӯли қарнҳо ба меросмонда дар шакли зиндаи ҳунару анъанаҳои мардумӣ дар матни  ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ба ваҷҳи некӯ умри дубора пайдо кардаанд.  Дар партави сиёсати мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Талаботи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию маҳзабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, ба тақлиди кӯр-кӯрона, бегонапарастию булҳавасӣ, исрофкорию худнамоӣ, оростани дастурхонҳои пурдабдаба роҳ надиҳанд. Эҳёи дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад.

Месазад иқрор намоем, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати дастаҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию шукуфоии ватани аҷдодӣ маншаи ифтихормандии онҳост. Садоқат ба халқу Ватан, афзун намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодии динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бо нангу номус ба ваҷҳи некӯ анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандии худро нисбат ба обу хоки муқаддас ва сарзамини аҷдодӣ тақозо менамояд.

Ҳикмату фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат таъкид менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси рӯзадори тавонманд муқаррар кардааст. Ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон имсол ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти бештар аз пештар касб менамояд, зеро истифодаи дурусти захираҳои дохилӣ ва таъйиноти иҷтимоии урфу одатҳо пояҳои ҷомеаи шаҳрвандии моро устувор мегардонад. Дар ин росто, додани садақаи фитри рӯза аз ҷойгоҳи иҷтимоии бузург бархурдор аст, ки бояд пеш аз адои намози ид анҷом дода шавад. Ва зарур аст, ки ҳикмати додани садақаи фитр ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ ва мустаманд (яъне ашхоси оҷиз ва  муҳтоҷ, –   АМИТ «Ховар») расонидани он риоя гардад, то ки савобу баракат ва нақши ҷомеамеҳвар доштани ин фаризаи худоҷӯёнаи шахси мусулмон ба даст ояд:

якум, тавассути додани садақаи фитр ҳар мусулмони болиғи оқили солим нисбат ба фақирону бенавоён ғамхории инсонӣ изҳор менамояд, то андозае ниёзмандӣ ва мӯҳтоҷии онҳоро коҳиш медиҳад ва барояшон имконияте фароҳам меоварад, то ки иди Фитрро баробари мусулмонони дигар бо хушию хурсандӣ ҷашн гиранд;

дуюм, ин амал дар замири мӯъминон ахлоқи баланд ва фазилатҳои некӯ, ба мисли караму саховатмандӣ, силаи раҳм ва меҳру ҳамдардиро тақвият мебахшад;

сеюм, аз мавқеи эътиқодоти динӣ садақаи фитр кафорати гуноҳ ва маҳвкунандаи тақсиротест, ки шояд нохост дар вақти рӯзадорӣ содир шуда бошад, зеро ҳар гуна амали хайр хатоҳои қаблиро ҷуброн мекунад;

чаҳорум, додани садақаи фитр изҳори шукрона ба даргоҳи Худои Мутаол барои он аст, ки тавассути тану ҷисми солим доштан ба мо тавфиқи ба тамомӣ анҷом додани рӯза ва соири ибодоти моҳи шарифи Рамазонро муяссар гардонид.

 ____________________________________

*Тақво (арабӣ) – парҳезгорӣ, порсоӣ, худотарсӣ

 

 

Май 29, 2018 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад