МУЖДА! Нахустин автобусҳои Тошканд ба Хуҷанд омаданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз, 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз ҷараёни пешвози меҳмонон, ки бо нону намак ва садои дафу доира баргузор гардид, иттилоъ медиҳад.
Дар маросими мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди байни ду мамлакат рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст, ки барои некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. «Кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад», — зикр намуд ӯ.
Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад.
«Пагоҳ нахустин автобус ба хатсайри болозикр ба сафар мебарояд ва дар оянда зина ба зина дигар хатсайрҳо, аз ҷумла, Душанбе-Термиз ва чандин хатсайри дигар ба роҳ монда мешавад», — иброз дошт Директори нақлиёти ширкати «Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон» Султон Саломов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ва илова намуд, ки «нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардида, ҳоло дар як рӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 2 маротиба ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти шумораи мусофирон хатсайрҳои нав ва шумораи автобусҳои аз ду самт ҳаракаткунанда зиёд карда мешаванд».
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайате, ки имрӯз аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овард, намояндагони илму адаб ва рӯзноманигорони мамлакати ҳамсоя шомил мебошанд. Сафари меҳмонон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ идома дорад ва дар назар аст онҳо то бегоҳ аз мавзеҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ дидан намоянд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 16 май аввалин автобус бо ширкати рӯзноманигорони тоҷик ба шаҳри Тошканд сафар мекунад.










Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад






